БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конститутсия – қонуни асосии ҳар як давлати мустақил аст

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И.Сомонӣ” бахшида ба солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И.Сомонӣ” Салимов Нурулло ва шоир Лутфи Хомӯш ҳузур доштанд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ роҳбари ташкилоти ибтидоӣ Салимов Нурулло ҳусни оғоз бахшид. Сипас, дар назди хозирин Валиева Саъбагул  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар бораи Конститутсия ҳарф зада, кайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун роҳнамои давлати соҳибистиқлол дар рушду ободӣ ва оромии кишвар нақши муассир дорад.

Зимни баромади худ шоир Лутфи Хомӯш ҳозиринро бо солгарди навбатии қабули Конститутсияи Тоҷикистони озодро, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини давраи истиқлолият мебошад ва бо шарофати татбиқи пайгиронаи он ҷомеаи мо дар оғози марҳилаи сифатан тозаи таърихӣ устуворона қадам мегузорад, табрик намуд.

Дар идома ба аъзои нави ҲХДТ дар фазои тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ қироати шеъру сурудҳо дар васфи Тоҷикистон аз ҷониби аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” сароида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg