БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аҳли ҷомеа ҷонибдори ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳастанд

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Туркменобод” бо фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли тақвияти робитабо маҳал вохӯрӣ доир гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия   оид ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ, гиромидошти муқадасоти миллӣ, аз ҷумла қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстии байни миллатҳои тоҷику ӯзбек ва туркменҳо ва дастовардҳои даврони истиқлолият, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст,   андешаронӣ намуданд.

 Инчунин, дар чорабинии мазкур вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Тамара Чориева иштирок дошта, дар якҷоягӣ бо фаъолони деҳот ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ  карда,  иброз доштанд, ки баҳри дар оянда амалӣ  гардидани дастуру супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  ҳамаҷониба кӯшиш менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg