БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конститутсия – таъминкунандаи рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

 Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои НБО-и Роғуну ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ҳифз ва тарғиби арзишҳои таърихӣ, фарҳанги  миллӣ, Истиқлолият ҳамчун заминаи таърихӣ ҷиҳати даст ёфтан ба дастовардҳои давлатдорӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, тезонидани корҳои ободониву созандагӣ ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва зиндагии шаҳрвандон, Парчами давлатӣ рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллат, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи риояи онунҳои миллӣ суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg