БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конститутсия шиносномаи миллат аст!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ”-и шаҳр тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ  баргузор гардида, ки дар он мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида ва мутахасиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Шукрона Нуруллозода иштирок намуданд.

Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиядноки фаъолияти ҳизбӣ ва  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси нақши Конститутсия чунин таъкид намудаанд «Конститутсия шаҳодатномаи  ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин санади танзимкунандаву муаянсозандаи низоми давлатдори ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст.»

 Воқеан истиқлолият ва конститутсия мафҳумҳои  тавъам буда, якдигаро комил месозад, зеро давлати соҳибихтиёр бе конститутсия вуҷуд дошта наметавонад ва дар навбати  худ конститутсия  ҳамчун  санади олии ё қонуни асосии истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсиву  ҳуқуқи, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаро инъикос ва таъмин  менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg