БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳаққу ҳуқуқи озод дар бахтномаи мо...

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Насими терай» хониши сиёсӣ вобаста ба мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир намуданд.

Вохӯриро Неъматов Абдулҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода, дар бораи  самтҳои афзалиятноки фалъолити Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   ва Кониститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон андешарони карда, аз Конститутсия зикр намуд, ки «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда,  баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем”. 

Баъдан мутахассиси шуъбаи ташкилӣ  ва баҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Ҳошимов Абдураҳим дар бораи  терроризму экстремизм, пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб  андешаҳои худро баён намуда, ҷамъомадагонро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат табрику таҳният гуфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg