БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони деҳот аз роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” миннатдоранд

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Дӯстӣ»-и деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Ашӯров Сунатулло  ва Самадзода Саёҳат бо сокинони деҳа ҷиҳати татбиқи Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ гузаронида шуд.

Мақсади аз баргузории вохӯрӣ дар партави Аксияи ҳизбӣ ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, беҳтар намудани шароити зисти сокинони деҳа, дар якҷоягӣ ҳал намудани мушкилотҳое, ки дар маҳал ҷой доранд, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мебошад.

Дар навбати худ, сокинони деҳа аз иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ супосгузор буда, иброз доштанд, ки дар корҳои ободониву созандагӣ  ҷиҳати боз ҳам ободу  хуррам  гардидани  Ватани маҳбубамон Тоҷикистон азиз саҳмгузор мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg