БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунаромӯзии ҷавондухтарон қадами устуворе дар эҳёи ҳунарҳои мардумист

ҶАЙҲУН.  Бо мақсади иҷрои нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Замини нави ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир гардид.

Дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии дастранҷи мардуми маҳалла ба намоиш гузошта шуда буданд.  Гузашта аз ин дар чорабинӣ бонувони ҳунарманди маҳалла чанд навъ хӯрокҳои миллиро омода намуданд, ки тавонист бо ҳунари катбонугии хеш дили касро фараҳ бахшанд.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова  вобаста ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи нави ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур занони ҳунарманди деҳа, ки ба дӯхтану бофтани матоъҳои миллии хоси мардуми тоҷик машғуланд ваъда доданд, ки соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулотҳои дастранҷу истеҳсолнамудаашонро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар карда,  ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё хоҳанд намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg