БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шаҳрвандон ҷонибдори сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат ва иқдомҳои неку созандаи ҲХДТ мебошанд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо истиқоматкунандагон  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бомаҳал,  баргузории чорабинии фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан масъулин ҷамъомадагонро бо 25- умин солгарди  санади муҳиму таърихӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, оид ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  рушди ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот бо ҷалби  шахсони бекор барои баланд гаштани  сатҳи некӯаҳволии мардум ва паст кардани шиддати бекор,   дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати миллӣ дар сулҳу суботи кишвар,  озмунҳои ҳизбӣ, ки ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст ва  роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаронӣ карданд.

Дар охир  сокинон азиқдомҳои неку созандаи ҲХДТ ва сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузории  хешро  баён доштанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg