БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизматҳои беназири Пешвои миллат буд, ки мо хушбахтона зиндагӣ дорем

ҲАМАДОНӢ.  Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даштигуло баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ  Сайдалиев дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо ҷамъомадагон суҳбат намуд, қайд карда шуд, ки терроризму эктремизм дар замони мо хушунати ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.

Инчунин, мавсуф дар бораи  ба кор даромадани чархаи якуми Нерӯгоҳи оби барқии  Роғун, ки рӯзҳои  наздик  бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ оғоз мегардад, андешаҳои хешро баён дошта, аз сокинон барои самаранок истифода бурдани  қувваи барқ вапардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии  он ҳидоят карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg