БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Призидент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо

ФАРХОР. Бахшида ба 25 солагии Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ташкилотҳои ибтидоии «Даҳбеди Самарқанд» ва «Пайравон»-и деҳаи Тоҷикистони деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор вохӯрии кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сараввал мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер доир ба моҳияту таърихи санади муҳиму тақдирсоз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ карда, сокинонро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонтабрику муборакбод  намуд.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шоҳбози Искандар дар назди ҳозирин оид ба  саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сохтори конститутсионӣ, ривоҷу тараққии соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқ, муаррифии ҳадафмандонаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён, ҷонибдории ҷаҳониён аз ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи муҳими ҷаҳони имрӯза – масъалаи об,  талаботи қатъӣ ва доимии Сарвари давлат дар бораи риояи талаботи қонунҳои миллӣ суханронӣ кард.

Дар охир сокинони деҳа намунаҳои ҳунарҳои худро ба намоиш гузошта буданд ва масъулин аз намоишҳои ҳунармандони деҳаҳо дидан карда, ба онҳо барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ ва боз ҳам ривоҷу равнақ додани  анъанаҳои неки ниёгон раҳнамоӣ намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg