БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсозу бахтномаи миллат

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳаллаи Меҳнати ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола иштирок ,  оид ба тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТмебошанд, суханронӣ намуданд.

Инчунин, масъулин атрофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсозу  бахтномаи миллат андешаронӣ карда, сокинониҷамъомадаро бо Рӯзи Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистоншодбош гуфтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg