БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистон аз ваҳдату ягонагӣ ба даст омадааст

ПАНҶ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Фарғона”-и ҷамоати деҳоти ба номи  Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ вохӯрии судманд  таҳти унвони «Сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистон аз ваҳдату ягонагӣ ба даст омадааст»  роҳандозӣ намуданд. 

Нахуст, Файзиев Каримҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи  яке аз самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҳизб- дар бораи сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи  энергетикӣ андешаронӣ намуд. Аз ҷумла қайд  кард, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон се ҳадафи стратегии мамлакатро муайян сохт, ки инҳо Истиқлолияти комили энергетикӣ, пурра баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мебошанд.

НБО-и «Роғун» - яке аз иншоотҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бунёди он сабаби ҷаҳиши бузурги иқтисодии Тоҷикистон хоҳад шуд. Ба фаъолият  оғоз кардани чархаи  якуми ин иншооти муҳими мамлакат қадами устувор дар роҳи татбиқи ҳадафи асосию стратегӣ-расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар мебошад.

Дар идома, масъулин оид ба  масъалаи мубрами рӯз муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез баромадҳо намуданд. Дар ин росто, дар бораи пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнӯъ, бо истифодаи дурусти технологияи муосир, ки яке аз роҳҳои шомилшавии ҷавонон мебошад, пешниҳодҳо шунида шуд.

Якчанд нафар фаъолони маҳал ба сухан баромада, ҷонибдорӣ ва фикру мулоҳизаҳои худро нисбати  баромадҳои кардашуда  баён карданд. Иброз доштанд, ки дастаҷамъона бо истифода аз ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ҷавонони маҳалро аз ин паёмадҳои хатарноки ҷомеа  ҳифз намоянд.

                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg