БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Масъулияти ватандӯстӣ аз иродаи пок доштан аст

ДӮСТӢ.  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Намуна”   бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, фарҳангу ахлоқи шаҳрвандӣ, фаъолнокии сокинон дар корҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи  арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар роҳи худогоҳӣ ва ватандӯстӣ,  риояи талаботи қонунҳои миллӣ андешаронӣ  карданд.

Инчунин, дар  идома аз дастовардҳои даврони истиқлолият, ба истифода додани аввалин чархаи Нерӯгоҳи обии Роғун, ки бо ташаббусу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст,  андешаронӣ карда шуда, аз ҷамъомадагон барои расидан ба қадри заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба давлату миллат ва сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ даъват ба амал оварданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg