БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафи занон дар ҲХДТ зиёд гашта истодааст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳровар” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида иштирок намуд.

Дар  вохӯрӣ Ҳакимова Волида оид ба  самтҳои афзалиядноки фаъолияти ҳизбӣ ва Рӯзи  Конститутсия ба сухан баромада қайд намуд, ки ҳар сол 6-ноябр дар мамлакат Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Соли 1994 дар таърихи навини давлатдории миллӣ мо бори нахустин тариқи райпурсии  умумихалқӣ  Конститутсияи ҷавобгӯ  ба манфиатҳои олии миллат қабул гардид, ки он  дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил камназир мебошад. Конститутсия дар бобати фароҳам овардани  сулҳи комил ва ризояти миллӣ дар саросари мамлакат нақши асосиро мебозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси нақши Конститутсия чунин таъкид намудаанд: «Конститутсия шаҳодатномаи  ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин санади танзимкунандаву муйаянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст.»

Дар охир ба 6 нафар занони ташкилоти мазкур дар вазъити тантанавӣ шаҳодатномаи  ҳизбӣ  тақдим карда шуд. Бояд гуфт, ҳарӯза сафи ҲХДТ аз ҳисоби занон зиёд гашта истодааст, ки ин нишонаи талоши занон барои ояндаи дурахшони фарзандонашон аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg