БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиён бадбахтии миллатро мехоҳанд

ВОКУНИШ. Инсон аз рӯзи таваллуд дар дил мақсад, орзу ва озода зиндагӣ карданро парварида, барои амалӣ гардондан саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад. Фаъолияти ҳамарӯзаи инсони комил баҳри беҳбудии зиндагӣ ва ғанӣ гардонидани иқтисодиёти давлат  ва шукуфоии он нигаронида мешавад.

            Мо имрӯзҳо дар кишваре зиндагонӣ  дорем, ки офтоб бо нурҳои худ ба рӯямон файзу баракат ва озодона зиндагӣ  карданро пошида, бо ин соҳиби обрӯву эҳтироми ҷаҳониён гаштаем. Ҳамаи ин дастовардҳо ба заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобастагӣ дорад. Хизматҳои ин марди ватанпарвару инсондӯст боиси эътирофи ҷаҳониён гашта, Тоҷикистонро зиёда аз 190 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибихтиёр шинохтанд ва бо он муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, фархангӣ барқарор намуданд.

            Ин дастовардҳо боиси ҳасудии шахсони бадхоҳ гашта, барои сади роҳи пешравиҳо шудан кӯшишҳо харҷ медиҳанд. Онҳо киҳоянд? Онҳо шахсони  мансабдору мансабпараст, аз қабили Мухиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бо ҳаммаслаконаш мебошанд. Онҳо зодаи Точикистони зебоманзар буда, таълиму тарбияро дар  давраи шӯравӣ аз худ намуда, донишгоҳҳои олии мамлакатро хатм намудаанд. Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз соҳиби касбҳои гуногун шуда, ба  мансабҳои  баланд ноил гардиданд. Аз мансаби баланд ва ҳурмати Роҳбари кившар  чашмашон серравған шуда, ба хиёнату хиёнаткорӣ даст заданд ва аз кирдорашон шарм дошта, гадои дари хонаи бегонагон гардиданд.

Аз ин хиёнаткорони миллат пурсиданӣ ҳастем, ки шумо падару модар,  хоҳару бародар ва ёру дӯстони ҷонӣ доштед? Ман боварӣ дорам, ки доштед. Вале дар вақти содир  кардани хиёнат ба халқу Ватан-Модар ҳеҷ аллаю шири сафеди модар, навозишҳои гарму ҷӯшони падар ва меҳру муҳаббати хоҳару бародаратонро пеши назар наовардед? Меҳри Ватан-Модар дар қалби шумо ҷой  нагирифта, дидаю дониста ба хотири мансабу  маблағҳои калон хиёнатгари халқу Ватани худ шудед. Шумо дар дари хонаи хоҷагони хориҷӣ чун гадо зиндагонӣ доред. Аммо падару модар бародаронатон аз  амалҳои шумо дар байни мардум сархаму  ғамгин гардидаанд. Устодоне, ки аз онҳо илму дониш омӯхтед дар ҳайрат  монданд, ки шогирдонашон хиёнаткору зоини падару  мрдар ва халқу Ватани худ шудаанд. Вақте, ки инсон ба модар худ  хиёнат мекунад ба дуои бади модар гирифтор шуда, аз файзу баракати худованд маҳрум мегардад. Шумо худро мусулмони асил нишон дода,  дуои падару модар ва Худовандро фаромӯш кардед.

Мақсади шумо,  бадхоҳони миллат чист? Шумо мехоҳед, ки давлати исломӣ ташкил кунед, ҳол он ки шумо таълимоти исломро поймол кардед. Агар шумо мусулмони ҳақиқӣ мебудед,  дар минбари ҷаласаҳои насрониён, дар  Олмону Лаҳистон мушт ба сина зада, дар ҳаққи миллати худ ва Сарвари далат суханҳои тӯҳматомезро намегуфтед. Агар шумо мусулмони асил мешудед, дар мамалакатҳои мусулмонӣ, махсусан дар  Арабистони Саудӣ ҷой гирифта, суханронӣ мекардед. Аммо азбаски ба ислом шак доред, дар сояи дини насрониён паноҳ бурда, ба монанди хурӯси дакан фарёди беасос мезанед. Нодидаю нафаҳмида чӣ хел виҷдонатон ба шумо имконият пайдо кард, ки пешравӣ, ободу зебо гардидани Ватан-Модар ва  заҳматҳои Сарвари  Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳриф карда, дар анҷуманҳои Аврупоӣ бо суханҳои беасосу  тӯҳматангез бонг мезанед.

            Ҳоло шумо худро ба гурӯҳҳои террористию экстермистӣ зич пайваста намуда, барои барҳам додани сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош доред. Ҳазорҳо кӯдаконро аз падару модар маҳрум карда, ҳазорҳо манзилҳоро вайрону валангор намудед.  Садҳо олимону донишмандон, шоирону нависандагон, омӯзгорону табибон, варзишгарону ҳунармандонро ба қатл расондед. Лекин бо ҳамаи ин «қаҳрамониҳоятон» ба муроду мақсади худ нарасидед, имрӯзҳо чун гадо дар ба дари сарватмандони хориҷӣ луқмае талбида мегардед. Ҳамаи ин амалҳои зишту нопоки шумо оғозу анҷом дошта, ба муроду  мақсади худ расида наметавонед!

            Аҷиб он аст, ки  Муҳиддин Қабирӣ ҳоло ҳам худро раиси Ҳизби  наҳзати ислом муаррифӣ намуда, бо суханҳои тӯҳматангези худ боварӣ дорад, ки боз ба Тоҷикистон баргашта, ба орзуҳои хаёлиаш расида, фаъолияти ҳизби худро  барқарор карда метавонад. Дар охири асри гузашта бо «ташаббус»-и ҳизби шумо чандин маротиба  бо амалҳои террористӣ ҷониҳамватанони худро ситонидед, боиси марги чандин хизматчиён ҳарбии бегуноҳ  гардидед. Ба ҳамаи ин дили шумо,  хиёнаткорони Ватан, тан  нашуда, ба табадуллоти давлатӣ даст заданӣ шудед. Лекин тиратон хок хӯрд, шармандовор рӯ ба гурез бурда, дар хориҷ умр ба сар бурда, истодаед. Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дассисаю найрангҳои ҲНИ ва роҳбарони  он кайҳо боз огоҳанд, ҳеҷ гоҳ ба  шумо бовар намекунанд, барои ба мақсад расиданатон имконият намедиҳанд!

            Бигзор, хиёнаткорони Ватан аз  минбарҳои католикони праваславҳо бо суханони беасос ва пуч фарёд задан гиранд. Мо, мардуми Точикистони азиз,  дар атрофи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид шуда,  баҳри тинҷию амонӣ, рудши иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму маориф, тандурӯстӣ ва  фархангу маънавиёти Ватани азизамон  аз сидқи дил меҳнат мекунем, то ки  душманони миллату Ватан бо чашмони худ дида ҳасад  баранд ва донанд, ки тоҷикистониён дигар ҳеҷ гоҳ ба доми найрангҳои онҳо намеафтанд.

Наботов Анвар- собиқадори ҲХДТ аз ноҳияи Панҷ.

           

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg