Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ТЭТ ҲНИ АЗ САРОҒОЗАШ ИРТИҶОӢ БУД

 ВОКУНИШ. Замоне, ки мо зиндагӣ дорем, басо пуртазоду сермуноқиша аст. Аз ин рӯ, бе андешаи солим ва хиради воло умр ба сар бурдан ниҳоят мушкилу тоқатфарсо мебошад ва боз ҳамон шоҳбайти асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ

ба хотир меояд. Воқеан ҳам аҳли расо ва хиради тавоно инсон ва ҷомеаро аз ҳама гуна хатарҳои даҳшатбору марговар наҷот медиҳад.

Мақсад аз ин гуфтаҳо таваҷҷуҳи хонандаро боз ба маводи «То табаддулот се рӯз монда буд»-и рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур ҷалб намудан аст. Дар  мавод судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Шамс Одинаевич бо далелҳои амиқу равшан ва ҳаққонию воқеӣ сабабу омилҳои манъ кардани фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро шарҳу возеҳ додааст. Далеҳои овардаи судя аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҲНИТ аз рӯзи ба фаъолият шурӯъ намудан, то ба давраи манъи фаъолияташ ба хотири ҳимояи манфиатҳои ғаразноки худ ва расидан ба сари қудрат бо дастурҳои хоҷагони бурунмарзиаш ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин даст задааст. Дар фаъолияти ҳизб экстремизм, зиёдаравӣ, терроризм, тафриқасозӣ, ҷудоиандозӣ, вайрон кардани зиндагии осоиштаи мардум ва фазои сулҳу субот баръало мушоҳида карда шудааст.

ҲНИТ тибқи далелҳои овардаи судя талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро дағалона вайрон кардааст ва аз доираи нишондодҳои конститутсионию ҳуқуқӣ берун баромадааст.

Мутолиаи ин мавод бандаро ба он водор сохт, ки шунидаю хондаю дидаҳои худро ҷиҳати фаъолияти ин ҳизб бори дигар дар чаҳорчӯбаи андешаҳои воқеъбинонаю ҳаётӣ пешкаши хонанда гардонам. Ин ҳизб ҳарчанд ки дар хориҷи кишвар 4 декабри соли 1991 таъсис ёфт ва аз ҳамон дам фаъолияташро дар ҷумҳурӣ оғоз намуд, вале гумоштагони он хеле пештар таври махфӣ (пинҳонӣ) кор мебурданд. Дар як рӯзномаи расмии ҷумҳурӣ хонда будам, ки ҳанӯз дар даврони Итттиҳоди Шӯравӣ яке аз ҷавонони Тоҷикистон ҳангоми хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон асир афтода, ба Покистон бурда шудааст ва дар мактабҳои махсуси онҳо таълим гирифта будааст. Чун аз он ҷо бо кадом роҳе бахташ тофтаасту озод шуда, ба Ватан баргаштааст, чунин нақл кардааст: «Ба ман дар Покистон гуфтанд, ки «Ту ҷавони бисёр боғайратӣ, Тоҷикистони шумо дар солҳои наздик озод мешавад, ту  албатта, баъди таҳсил ба он ҷо рафта,  дар он ноҳияе, ки падару модарат зиндагӣ мекунанд, роҳбари калон мешавӣ, ояндаи ту дурахшон аст».

 Акнун худ қазоват кунед: ҳанӯз дар солҳои салтанати Шӯравӣ, ки ҳатто мо, масъулину зиёиён, аз вайрону пароканда шудани он давлати абарқудрат боварамон намеомад, дар Покистон аз куҷо ин андешаҳо пайдо шуда буданд? Илова бар ин, мешунидем, ки дар он мактабҳои ғайриқонуние, ки дар қисме аз минтақаҳои водии Вахш дар назди муллоҳои онвақта ташкил шуда буданд ва мардум  «мусулмонӣ меомӯзонем» гуфта, фарзандонашонро ба назди он муллоҳо мегузоштанд, баробари таълими динӣ, баъзан дарси «каратэ»-ю зӯроварӣ меомӯхтанд ва домуллоҳо ба толибилмон «даркор мешавад» гуфта таъкид мекарданд. Акнун фаҳмо шуд, ки дар кадом маврид таълими онҳо даркор мешудааст.

Ҳамзамон, баъзан мушоҳида мешуд ва дар саҳифаҳои матбуот маводҳоеро мехондем, ки одамони махсус аз сарҳади Тоҷикистон тавассути намояндагони он тарафи дарё пинҳонӣ адабиёти гуногуни диниро оварда паҳн мекарданд. Кор ба дараҷае расид, ки дар ҷумҳурии мо нидоҳои «давлати исломӣ месозем», «мо дигар ғулом нестем», «моро давлатҳои мусулмонӣ дастгирӣ мекунанд» ва монанди инҳо дар намоишҳои ғайриқонунию бетартибонае, ки дар пойтахт сар мезаданд, баланд садо медоданд. Дар ҳамаи намоишҳою хурӯҷҳои бетартибонаю ғайриқонунии ба амал пайвастаи ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта, бешубҳа, аъзоёни ошкорою махфӣ амалкунандаи ҲНИТ даст доштанд. Ҷойи шубҳа ҳам нест, ки «пешво» ва «саркарда»-и ҳамаи воқеаҳои мудҳишу даҳшатафкани он солҳо роҳбарону фаъолони ҲНИТ буданд. Онҳо буданд, ки дар тамоми масҷидҳо парчами исломро баланд бардошта, мардумро ба қиём даъват мекарданд. Онҳо буданд, ки барои соҳибмансаб шуданашон кишвари мо, мардуми моро ба гирдоби хунин, ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш оварда расониданд. Онҳо буданд, ки хуни  ҳазорон  ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехтаю миёни мардум тухми кинаю адоват пошида шуд. Ақли одамӣ барои баркашидани хисороти молию  ҷонии он вақтҳо ба амал пайваста кӯтаҳӣ мекард ва то ҳол захмҳои пурхуну пурҷароҳати  ҳамон давра пурра даво наёфтааст. Вале саркардагони ҲНИТ   амалҳои террористию экстремистӣ ва иртиҷоияшонро гӯё надида бошанду гӯш ба карӣ зада, мамнӯъ донистани фаъолияти ҳизбашонро «ғайриқонунӣ» ва «беадолатона» мепиндоранд, ҳол он ки тамоми мардуми Тоҷикистон аз фаъолияти ин ҳизб пурра огаҳ шуда, кӣ дӯст ва кӣ душман буданро хуб медонанд. Ҳама мефаҳманд, ки бурун аз марз, дар хориҷи кишвар, хусусан дар шаҳрҳои Берлину Варшаваи Урупо ҳамоишҳо ташкил кардану худро сафед намудани роҳбарони ҲНИ, дар ҳаққи давлату Ҳукумати Тоҷикистон муғризона туҳмат задан, «сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ» гуфтанашон ягон асосе надорад.

Фаъолияти террористию экстремистии ҲНИ имрӯз аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла  СҲШ, СААД ва монанди инҳо  низ ба қайд гирифтаю мамнӯъ дониста шудааст.

Магар варақаҳое, ки аз бинои марказии ҲНИ ба Суди Олӣ дастрас шудаанд, махсусан навиштаҷоти  «Сабур бошеду мунтазир!  Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҳаётбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшанд. Се-чор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғӯшта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию  ҳам сиёсатмадорҳо, дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ, пирӯзӣ бо мост...» аз даҳшатоварию терроризми ин  ҳизб гувоҳӣ намедиҳад?

Ин навиштаҷот, ба андешаи камина, шояд ба амалиёти хоинонаи  генерал А. Назарзода марбут бошад, ки табаддулотро бояд дар муҳлати муайян ба анҷом мерасонд. Хушбахтона, мақомоти қудратӣ  огаҳ шуду мардуми таҷрибаандӯхтаи Тоҷикистон аз қафои онҳо нарафт ва нақшаи онҳоро барбод доданду ҲНИТ ба мақсади нопоки худ нарасид.

Имрӯз миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон дар фазои мусоиди сулҳу осоишу оромиш ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғуланд ва хуб медонанд, ки танҳо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, мо, ҳамагон, дар атрофи Пешвои миллат зич муттаҳид шуда, ба васвасаю шайтанати ҳеҷ  кас бовар намекунем. Вале аз он дар  эҳтиёт бошем, ки мабодо чун назарзодаҳо дар дохили кишвар бо мақсадҳои муғризонаю нопоки худ вуҷуд надошта бошанд. Охир, А. Назарзода ҳам  ба боварии Ҳукумат даромадаю мансаби олии ҳарбиро соҳиб шуда буд, вале  ҳайҳот, сухан дигару дил дигар будааст. Шояд имрӯз ҳам дурӯягону суханбозон дар миёни мо бошанд. Вале тавре шоир гуфтааст:

Ватандӯстӣ на пардози сухан аст,

На таърифу ситоиш бо даҳан аст.

Ватандӯстӣ амал аст, саъю кор аст,

Нисори ҷону тан баҳри диёр аст.

Таърих гувоҳ аст, ки сарватмандону худпарастон ҳеҷ гоҳ парвои Ватан, миллат, халқ надоштанд ва имрӯз ҳам надоранд. Вале инсонҳои пок, накӯкор, садоқатманди Ватану халқ аз пайи ҷамъ кардани сарвати гарон намешаванд, балки ҳамеша накуӣ мекунанд:

Ба дунё омадем, хандида рафтем,

Зи гулбоғи ҳаёт гул чида рафтем.

Чу дидем ҷовидон умр аз накӯист,

Ба мазраъ некиҳо корида рафтем.

                Ё худ:

Қорун бимурд, чил ҳуҷра зар дошт,

Нӯшервон намурд, тухми некӣ кошт!

М. Кабирию ҳаммаслакони ӯ, ки барои соҳиби сарвати зиёд гардидан дар назди хоҷагони хориҷии худ муттаҳам шудаанд, ғайр аз ғаразу туҳмату бухлу кинаву ҷинояткорӣ амали дигаре карда наметавонанд. Вале онҳо бояд донанд, ки:

Ҳар кӣ бо асли худ вафо накунад,

Нашавад дӯстрӯю давлатманд.

 

 

Давлатов Маҷид Пирович-узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.

           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg