БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизматҳои Пешвои миллат барои давлату миллат пурарзишанд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии  «Маркази ВИЧ/ СПИД»  дар  ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар мавзӯъи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии  воридшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои  экстремистию террористӣ   бо иштироки  корманди масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Хуҷаев  Саидаҳмад  ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Шаҳритуз  баргузор гардид, ки дар он мавсуф аз таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматҳои беназири  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии Ватан, аз ҷумла ноил шудан ба истиқлолияти  энергетикӣ,  аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар,  сохтмони НОБИ-и Роғун,  бунёди нақбҳову пулҳо,  иншоотҳои бузург, ки ин ҳама аз талошу заҳматҳои шабонарӯзии  фарзанди фарзонаи миллат ба даст омадаанд, ёдовар шуда, ҷамъомадагоро барои расидан ба қадри  ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давъат намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg