Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шараф аст!

А.ҶОМӢ.Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади фаҳмонидани моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Садоқат»-и назди Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок дошта, доир ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ба волидайн фаҳмонидани моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо, боҷалби шахсони хайрхоҳу ватандӯст ҳал намудани мушкилоти ҷлойдоштаи маҳали зист дар партави Аксияитарғиботӣғамалии ҳизбӣтаҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати роҳандозии Аксияи ҳизбӣ, сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти маблағи барқи истифодашуда ба хотири расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ раҳнамоӣ карданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg