Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Ба ақл кӯш, ки айём фитнаангез аст…

Ш.ШОҲИН.   Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Телеком» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ доир намуданд.

Дар хониши сиёсӣ  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Ҳошимов Абдураҳим дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, огоҳонидани мардум аз паёмадҳои  гурӯҳҳои ифротӣ,  пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ  суханронӣ намуда, зикр кард, ки чуноне, ки огаҳӣ дорем мо дар замоне қарор дорем, ки пур аз талотуму  сарсониҳои миллатҳои гуногун  ва авҷи терроризму экстремизм  ҳастему бо чашми сар ҳодисаҳои нохушро дида истодаем. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст зиракии сиёсиро аз даст  надода,  баҳри муттаҳидӣ ва  амну суботи Ватан  кӯшиш ба ҳарҷ диҳем, то ин ки  пеши роҳи бадниятону хоинони давлату миллатро  бигирем.

Дигар баромадкунандагон низ  дар назди ҷамъомадагон оид ба моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешаронї карда,   њамагонро бо фарорасии љашнњои таъхирии дарпешистода табрику муборакбод гуфтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg