БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо сокинон бо Пешвои худ ифтихор дорем!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар деҳаи Навобод 1-и ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ташкили чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан Саидзода Раҳмон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби  либоси миллӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсози миллат андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро бо ҷашнҳои пурифтихор табрику муборакбод намуд. 

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ  Саидзода Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, кисокинон бо рангу тароватихоса ҳунарҳои хешро ба маърази дид гузошта  буданд, дидан  карда, ба ҳунармандони гулдаст барои ташкили намоиш ва сайқал додани анъанаҳои неки  ниёгон тавсияҳои манфиатбахш дод.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg