БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ вазифаи ҳар як шахси бонангу номус аст

ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ёкунҷ» хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Дар назди иштирокдорон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд,  шинос намуд. Ҳамчунин дар баромад дар бораи фоидаи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, хатари ба ҷомеадоштаи терроризму экстремизм, гаравидан ба фарҳанги бегона, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир, нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия,бемориҳои сироятӣ сухан рафт.

Ҷамолиддин Қаюмов дар бораи моҳияти хизмат дар сафҳои Аартиши миллӣ сухан ронда, аз байн бурдани хавфу хатарҳои замони муосир, пайдо гардидани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хизмат ба Ватанро ба тарбияи дурусти фарзанд дар оила, мактаб ва муҳит вобаста донист.

Дар хониши сиёсӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Соҳибназар Мирзоев, аъзои ҳизб Холмурод Соҳибназарзода, Сафаралӣ Маҷидов сухан карда, қайд намуданд, ки самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳар як шахси ватандӯст ва бонангу боирода аст ва иҷрои онҳоро вазифаи авалиндараҷаи худ арзёбӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg