БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба манфиати сокинон аст

ҲАМАДОНӢ.  Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баргузар гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, озмунҳои ҳизбӣ вабо ҷалби шахсони ватандӯсту хайрхоҳ роҳандозӣ кардани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ  намуд.

Баъдан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо, ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи  Артиши миллӣ- ҳамчун  мактаби ҷасорату мардонагӣ  ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар суханронӣ кард.

Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотиву таблиғотӣ 30 нафар сокинони деҳаи   Гулистон  ба сафи  ҲХДТ қабул карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg