БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум ба қадри суботу оромӣ мерасанд

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар ва Раҳмонов Далер бо аъзои ҲХДТ ва сокинони деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Ватан баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сокинони гуногунсоли ин деҳа ҷамъ омада буданд. Дар назди ҳозирини муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар ба сухан баромада, ба ҷамъомадагон симои манфур ва разилонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби хуношоми ӯро аз давраи таъсисёбии ин ҳизб то имрӯз шарҳу эзоҳ дод.

Давоми суханронии мавсуф фарогири масоили авзои сиёсии ҷаҳони муосир, рақобати қудратҳо ва хатари экстремизму терроризм ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба ҷоҳони имрӯза буд.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баромад намуда, оид ба моҳияти  Конститутсия ва аҳамияти он дар низоми давлатдории миллӣ сухан ронд.

Дар ин чорабинӣ ҳунармандони деҳаи Намуна ҳунарҳои мардумиро, аз қабили зардӯзӣ, гӯлдӯзӣ, чакан, хӯрокҳои миллӣ ба маърази тамошо гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg