БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳамаи мо!

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади  дар  амал татбиқ намудани интизориҳои Соли тақвияти робита бо маҳал  дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар деҳаи Қирмаи ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумиттаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид доир ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ,  вобаста ба сафари кории Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ кард.    

Инчунин, дар вохӯрӣ вакили ҷамоат Ахмедов Абдураҳмон иштирок дошта,  оид ба таъриху моҳияти  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунғ ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат,  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Парчами давлатииҶумҳурии Тоҷикистонва ба кор даромадани  чархаи якуми НОБ-и Роғун андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати  бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашнҳои таърихии миллат ва сарфаҷӯёнаву самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он даъват  ба амал овард.

Дар идомаи  вохӯрӣ  масъулин  аз намоишгоҳи маҳсулотикишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,ки сокинони деҳа  ба намоиш гузошта буданд, дидан карда,баонҳо бароибоз ҳамафзун намуданиистеҳсоли маҳсулотикишоварзӣ ва аънанаҳои неки ниёгон  маслиҳатҳои  судманд доданд.  

Дар охир дар деҳаи Қирма бо пешниҳоди  Раҷабзода Маҳмадсаид  ва дастгирии сокинон  ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ  таъсис дода шуда , раиси он Қурбонов Далер  интихоб гардид.                                             

                                                                                                                                                                                                                                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg