БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳизби масъулиятшиносу Ватансоз аст!

ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар боғчаи Муассисаи давлатии томактабии №2 ба номи «Бунафша»- и шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Шомудинова Шаҳло, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Шаҳло Шомудинова оғоз карда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ба кӯдакон маълумот оид ба ҷашни тирамоҳи заррин, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ оид ба фарҳанги аҷдодон, маросимҳои миллӣ ва таърихи урфу одатҳои қадимаи ниёгон дар зеҳни кӯдакон ва дӯстрӯякон, таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои томактабӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур аз тарафи мураббиён ва кӯдакон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, саҳнача, шеърхонӣ ва рақсу сурудро пешкаши ҳамагон гардониданд.

Дар охир аз тарафи кормандони муассисаи томактабӣ барои баргузории чунин як вохӯрии судманд изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg