ПАНҶ. Имрӯз мо ифтихор аз он мекунем, ки давлати миллии соҳибистиқлоли мо ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф гардид. Ҷихати расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар корҳои созандигиву бунёдкорӣ дар бузургтарин иншооти тақдиросози миллат Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» идома доранд.
Вобаста ба ин бо ибтикори масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии «Фарғона»-и ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ чорабинии сиёсӣ роҳандозӣ гардид. Масъулин зимни суханронӣ оид ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб-расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат бармеояд, андешаронӣ намуданд.
Қайд шуд, ки дар давоми 27-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намуд. Сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун яке аз бузргтарин иншоотҳои тақдирсози миллат буда, барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.
Дар идомаи баромадҳо қайд шуд, ки аз баракати сулху суботу оромӣ Тоҷикистони азизи мо ба макони тантанҳои фарҳангӣ ва нишастҳои сатҳи баланд, макони баргузории ҷаласаҳои сарони кишварҳои дунё табдил ёфтааст. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии Оби тоза», солҳои 2005-2015-ро «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои ҳаёт» ва 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд. Ин иқдомҳои Сарвари давлат дар миқёси байналмилалӣ ташаббусҳои глаболӣ пазируфта шуданд.
Боиси қайд аст, ки чорабинии сокинони маҳал бо ҷашни Меҳргон рост омад. Бинобар ин дар роҳандозии чорабинӣ намоиши маҳсули заҳмати нӯҳмоҳаи кишоварзон ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Ҳамчунин, заҳмату истеъдоди худро ҳунармандони маҳал низ пешкаши ҳозирин гардониданд.Намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ гувоҳи ҳунармандии кадбонуҳоро исбот менамуд.
Дар охир, фаъолон ва ҳунармандони беҳтарин бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ сарфароз гардонида шуданд.