БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон аст

МУЪМИНОБОД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҷавонони аълохону фаъоли ноҳияи  Муъминобод бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвонии «Садоқат ба Ватан мароми мост!» суҳбат вохӯрӣ гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров, сармутахассиси бахши ҷавонон Ҷумахони Бобохон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сипас, сармутахассиси бахши ҷавонон Ҷумахони Бобохон  оид ба аз байн бурдани таасуби динӣ аз хурофотпарастӣ,  баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳангӣ бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи  муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба дарки ҷавонон расонидаи моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот, амнияти кишвар баромад карда, ҳамагонро бо ҷашнҳои таърихии давлату миллат шодбош гуфтанд.

Чунин суҳбату вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия тибқи нақша  идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg