ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ гардонидани Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шоҳроҳи Бохтар - Левакант корҳои ободонию созандагӣ бо ҷалби аъзо ваҷонибдорони ҲХДТ доир карда шуд.
Боиси зикр аст, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар шоҳроҳи номбурда иштирокдорон дар нармкардани бехи дарахтон, тоза кардани паҳлӯҳои шоҳроҳ аз партову алафҳои бегона саҳми арзанда гузоштанд.
Роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ҳудуди шаҳри Левакант бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо маром идома дорад.