КУШОНИЁН. Дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар деҳаи Ортоди ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён бо ташаббуси фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шахсони хайрхоҳу саховатпеша дар муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ як синфхонаи иловагӣ сохта, бо мизу курсӣ барои 20 нафар хонанда таъмин карда шуд.
Хонандагон ва омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат иқдоми созандаи ҳизбиёнро бо хушнудӣ пазируфта, иқдоми некро давоми ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, изҳори миннатдорӣ баён карданд.