БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиёни Кӯлоб дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми худро мегузоранд

КӮЛОБ. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи НБП-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, муовини раиси шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод ва дигар шахсони расмӣ доир гардид.

Дар рафти ин чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон қайд гардид, ки миллати тоҷик аз қадим бо ҳунару ҳунармандӣ сару кор дорад  аз ин лиҳоз, дастгириҳо ва заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ хеле зиёд мебошад. Боиси хушбахтист, ки  маҳз дар тӯли солҳои истиқлолӣ аз кишвари мо шумораи зиёди сайёҳони хориҷи дидан намуда, урфу одат, анъанаю ҳунарҳои мардумии мо шинос шуда, аз табиати дилфиребу манзараҳои нотакрори Тоҷикистон лаззати маънавӣ мебаранд. Дар идома зикр шуд, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи коршиносони байналмилалӣ ба омӯзиши захираҳои туристии мамлакати мо зиёд гардидааст, ки дар ояндаи назидик Тоҷикистон яке аз давлатҳои аз ҷиҳати қабули сайёҳон пешқадам ба ҳисоб хоҳад рафт.

Сокинони маҳалла дар охир бо изҳори қаноатмандӣ баён доштанд, ки ҳар иқдоме, ки аз тарафи Сарвари давлат пешниҳод мегардад, онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg