БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳизби пешбарандаи ҷомеа

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи иҷтимои”  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Бо сухани муқадимавӣ  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин  оид ба  Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисоди кишвар маънидод карда мешавад, суханронӣ намуд.

Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи иҷтимоӣ” А.Саидов атрофи  таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарғиби либоси миллӣ дар байни занону бонувон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни сокинон бо мақсади фаҳмонидани онҳо аз паёмадҳои  хатаровари ташкилотҳои террористӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, расидан ба қадру манзалати  Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуд. 

Инчунин, масъулиназ таъриху моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, ҳамагонро боҷашнҳои дарпешистодатабрику муборакбод гуфтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg