ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Қубодиён»-и ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолов Абӯбакр ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Зубайда Маҳмадназарова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин зимни суханрониҳо аз дастовардҳои даврони Истиқлолият, бахусус ташабускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳият ва таърихи Рӯзи Конститусия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иштирокдоронро дар роҳи садоқат ба Ватан, хизмати софдилона ва рисолати шаҳрвандии худро риоя намудан, инчунин ҳамеша ҷонибдорӣ намуданро ҳидоят карданд.