Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Сокинон ба қадри хизматҳои шоёни Пешвои миллат мерасанд

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷашақиқи Балхӣ”-и ҷамоати деҳоти Себистон бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, доир ба риояи қонунҳои миллӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, ободонию созандагиҳо дар доираи истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талабот ба мутахассисони касбӣ ва рақобатпазир дар бозори озоди меҳнат, касбу ҳанаромӯзӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар идома мавсуф дар бораи озмунҳои ҳизбӣ, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, моҳияти Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 27 солисоҳибистиқлолии кишвар ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсози миллат ҳарф зада, иштирокдоронро барои дар амалтатбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ даъват кард.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg