БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон шукргузор аз суботу оромии ватананд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар гузаргоҳи маҳаллаи Синои ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ Содиқова Меҳрубон қайд кард, ки хушбахтона, ин пешниҳоди Пешвои миллат иқдоми наве барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рӯзгори моддии мардум ва сайёҳӣ дар дохили кишвар мебошад.

Ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ин муаррифӣ намудани фарҳангу ҳунарҳои қадима ва волои мардуми Тоҷикистон ба ҷаҳониён, манзараҳои зебову табиати нотакрори он, минтақаҳои дорои аҳамияти сайёҳии экологӣ ва сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ мебошад.

Бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳар як фарди худогоҳро зарур ва лозим аст, ки дар муаррифии Тоҷикистони биҳиштосо, табиати нотакрори он, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Инчунин, мавсуф дар идома моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, аз иштирокдорон баҳри расидан ба қадри хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg