БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯшиши масъулон баҳри фаҳмонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аст

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ш.Шоҳтемур-2»-и деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-аималии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», оид ба ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал ва иҷроиши дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб, кормандони масъули ҳизбӣ вохӯриву мулоқотро баргузор намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ баромадкунандагон аз сокинони деҳаи мазкур даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдоштаи маҳали зист  ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли мушкилотҳои иҷтимоии мавҷуда, дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода баранд.

Сокинони деҳа,фаъолон, аъзо ва Ҷонибдорони ҲХДТ бошанд, дар ин вохӯрӣ тасмим гирифтанд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 синфхонаи иловагиро сохта, ба истифода медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg