![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20181023_130010.jpg?itok=N8etXMLn)
ҲАМАДОНӢ. Дар беморхонаи минтақавии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳаи Меҳнатобод вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо табибону кормандон баргузор гардид.
дар Вохӯрии қаблие, ки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев бо кормандон гузаронида буд, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардид. Дар Аксияи ҳизбӣ узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори муваффақу ватандӯст Ҷобиров Абдулазиз шуъбаи тавалудхонаи беморхонаи минтақавиро барои таъмиру тармими замонавӣ ба уҳда гирифта буд, шуъбаи тавалудхона хуштарҳу замонавӣ таъмир карда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои бунёдкорию созандагиҳо дар маҳаллаю деҳаҳои ҷамоати деҳоти Меҳнатободро кори нек номид.