БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаровонии рӯзгори мардуми кишварамон яке аз ҳадафҳои муҳими ҲХДТ мебошад

ПАНҶ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷараёни баргузории чорабиниҳову хонишҳои сиёсиро  мутобиқи ҷадвали баргузории вохӯриву  сӯҳбатҳо ба роҳ монда истодааст. Вазифаи асосии ҳизбиён  ташкил ва дар сатҳи баланд  ба роҳ мондани  ин чорабиниҳои сиёсӣ мебошад.

Ҷамъомадҳо, ки асосан дар ташкилотҳои ибтидоии навтаъсиси маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор мегарданд, масъулин аввалан мақсаду мароми чорабиниҳои сиёсиро ба ҳозирин фаҳмонда медиҳанд.

Тибқи ҷадвали вохӯриҳо дар маҳаллаи Чаманистон-2 и  ҷамоати деҳоти ба номи К.Сайфутдинов  бо аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии «Чаманистон-2» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ба ҳайати гурӯҳи меҳмонон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия  Шомаҳмадзода Музаффар ва сармутахасиси шуъбаи умумӣ,назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Одинаев Сайфулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромад Файзиев Каримҷон қайд  намуд, ки дар Паёми навбатии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон соли ҷорӣ  Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.   Ин пешниҳоди навбатии Пешвои миллатро мардуми шарифи Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфтанд. Дар баробари сердаромад будани  соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардида, дар ин замина сатҳи зиндагии мардум баланд мегардад, ҳамзамон таъриху фарҳанги миллӣ ва тамаддуни қадимаи миллати мо ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.

Одинаев Сайфулло оид ба 27-соли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва дастовардҳои беҳтарини кишвари мо дар ин муддат, ки бо дастгирӣ ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулуху ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст омадаанд, андешаронӣ намуд.

Дар намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки сокинони маҳаллаи Чаманистон-2 ташкил карда буданд, намунаи махсули дастони кадбону ва чирадастони маҳалла, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, табақу қошуқ, маҳсули оҳангарӣ ва хӯрокҳои миллӣ ба намоиш гузошта  шуда буданд.Ҳамчунин, дар ин намоишгоҳ маводҳои гӯшаи ёдгориҳои таърихии муассисаи таълимии №18-и ҷамоати мазкур ба маърази тамошо  гузошта шуда буд.

Дар охир, барои болидахотирии иштирокчиёни ҷамъомад аз тарафи сокинони  маҳал  як барномаи фарҳангӣ бо рақсу таронаҳо дар васфи Ватан, истиқлолият намоиш дода шуд, ки боиси хушҳолии онҳо гардид.

 

 

                                                                          

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg