КӮЛОБ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Меҳробод намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Ҳозирин аз намоиши ҳунарҳои дастии сокинони маҳаллаи Меҳробод дидан карда, зимни он қайд карданд, ки бахшида ба эълон гардидани Соли рушиди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баҳри ҷалби бештари мардум ба ҳунарҳои дастӣ, эҳё ва зинда гардонидани ҳунарҳои миллии қадимаи тоҷикон, ба ин васила бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони хонашин, ҳавасманд гардонидани ҳунармандон, инчунин огоҳонидани мардум аз хавфу хатари терроризм ва ташкилотҳои ифротӣ, чорабиниҳои фаҳангию сиёсиро роҳандозӣ карда истоданд, ки ин ба мақсад мувофиқ мебошад.
Кормандони масъули ҳизбӣ дар идомаи ҳамоиш вобаста ба дигар паҳлуҳои фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд.