БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат пойдории давлат аст

ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи дар Маркази мубориза бо бемориҳои тропикии (вараҷа) ноҳияи Данғара бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ оид ба мавзӯъҳои Истиқлолият беҳтарин неъмат ва дастоварди давлатдории тоҷикон, риояи қонунҳои миллӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, Конститутсия бахтнома ва шаҳодатномаи миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, пешгирӣ ва нигоҳ доштани ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун соҳаи мавриди назари роҳбарияти олии кишвар суханронӣ карда шуд.

Зимнан иброз дошта шуд, ки ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро андешида, тадбирҳои муассиреро роҳандози намудаистодааст. Зеро ояндаи давлату давлатдорӣ ва пешрафту тараққиёт аз солимии миллат вобастааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg