БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷон медиҳем, аммо Ватанамонро ба бегонапарастон намедиҳем

ВОКУНИШ. Дар охири асри 20 ва аввалҳои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам тахдид мекунад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Бояд гуфт, ки асосан қурбони терроризм ҷавонон мебошанд. Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз боварии мардум дар дохили кишвар ҳодисаҳои даҳшатборро амалӣ намуданд. Албатта мардуми мо он рӯзҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузаштаро дар хотир доранд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

Ҳоло ҳам роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ бо маслиҳати хоҷагони худ талош мекунанд, ки ҳамроҳ бо намояндагони ташкилотҳои сунъии худсохтаи наҳзатӣ баъзе ҳадафҳои нопокашонро оид ба бадномсозии давлату мардуми Тоҷикистон амалӣ намоянд.

Агар ба таърихчаи сиёҳи наҳзатиён назар кунем, фаъолияташон нахуст ҳамчун “мусичаи бегуноҳ” аз мағзшӯии ҷавонони ноогоҳ оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ анҷомид. Инак, пас аз муддате дар пушти пардаҳо машқи террор кардан, боз ба саҳнаи ҳангомаҳо ворид гардид. Умуман, дар тамоми нооромиҳое, ки дар муддати ин 27-сол дар Ҷумҳурии тозаистиқлоли мо ба амал омада бошад, дасти  наҳзатиёни хоинро дидан мумкин аст.

Он намоишҳои тақаллубие, ки онҳо дар кишварҳои Аврупо нишон медиҳанд, исботи онро мекунанд, ки ҳатто ҳизби наҳзат ҳам гуфтан мумкин нест, ҳатто ҳизби террористӣ ҳам бошад. Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гӯё чор гурӯҳи алоҳидаи “мухолифин”-ро намояндагӣ карданд, ҳамаги узви мафияи террористии наҳзат ҳастанд. Онҳо гурӯҳе иборат аз чор қаллоби мардумфиреб, роҳзанҳои сари роҳ ҳастанд, ки  номи нави аблаҳонаи худро “паймони миллӣ” номиданд. Инҳо ҳатто хоҷагони маблағғузори худро бо ин бозиҳояшон фиреб мекунанд. Аъзоёни «Гурӯҳи -24” бошад, шайтонбачаҳои онҳоанд, ки новобаста аз номашон ягона ҳадафи нопоки муштарак доранд – барҳам задани ваҳдату субот дар ҷомеаи навини мо Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар ҳодисаҳои лаҳистони Варшава Кабирӣ мехост ин навбат на танхо бо костюми нав, балки бо арӯсони сиёсии нав ба саҳна ояд. Вале ҳайҳот ин бозии шатранҷи ӯ бар зарари худи онҳо шуд.  Ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат таҷрибаҳои  зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз ин қаллобон барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кадани фазои сиёсии Тоҷикистон аст.

Ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, хеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони кишвар аз шумо ва чунин иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, ки манфиатҳои хоҷагон ва хориҷиёнро пуштибонӣ менамоянд, худро дур гирифта, барои шомил нашудани ҷавонони дигар минтақаҳои мамлакат ва таъмини амнияти кишвар кӯшиш хоҳанд кард.

Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад.

 

Ҳусейнов Машраб - узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg