ВОКУНИШ. Нисбат додани Дини мубини Исломро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ба мақсадҳои гуруҳии худ анҷом додани амалҳои муғриғона раво нест. Мо бояд бидонем, ки Дини Мубини Ислом Дини сулҳу салоҳ, некиву накӯкорӣ, ободонӣ ва ислоҳи ҷомеа аз амалҳо нопок ва Дини насиҳатомез аст. Ташкилоти экстримисти террористии Ҳизби наҳзат бо роҳи фиреби ақидавӣ хунрезии мардумро мехоҳад. Мақсади ягонаи онҳо пиёда сохтани амалҳои нопоку ғаразнок нором сохтани ҷомеа мебошад, ки роҳбари ҳизби мамнуъгардида Муҳиддин Кабирӣ ин қадар пешравию ободгароиҳое, ки дар даврони ба даст овардани истиқлолияти давлатии тоҷиконро нодидагирӣ карда, боз ҳам тариқи сосонаҳои иҷтимои мардуми Тоҷикистон бахусус ҷавононро ба доми макру фиреби худ медарорад. Як бор аз худашон намепурсанд, ки онҳо барои миллату давлат чи кори некро анҷом додаанд. Ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва ҷавонони берун аз кишвар гуфтаниям, ки як чизи асосиро мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромуш насозем, ки Тоҷикистон давлати демократи дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст ва 99 %-и онро ҷомеаи мусалмонон ташкил медиҳад. Маҳз аз ин руст, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари давлатии худ ба давлатии Арабистони Саудӣ зиёрати хонаи Каъба намуда, аз дохили хонаи Худо барои ободу осоиштагӣ ва фаровонии рӯзгори мардуми Тоҷикистон талаби дуо намуда буд. Инчуни аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри
Ню-ёрк аз ҷомеаи мусалмонони дунё пушбони намуда, қайд намуд, ки террор ва ё қатлу куштор ва бо ном ҷиҳод хоси Дини Мубини Ислом нест! Ва ин амалҳои экстримистиву терористие, ки гуё мусалмонон ба вуқуъ меоранд, ин танҳо барои бадном кардани мусалмонон аст. Лозим ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Сарвари мамлакат дар соли 2009 аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид Соли Бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардида, тамоми мазҳабиёни мо ин соли муборакро ҷашн гирифтанд.
Муҳиддин Кабирӣ ҳаргиз бояд номи ташкилоти худро бо ибораи Ислом омехта намекард, чун, ки Ислом ба ягон ҳизб ва таблиғот ниёз надорад. Чавонони гироми! Аз кули бинанда ва шунавандагони маводҳои иттилоотии ТЭТ ҲНИ даъват ба амал меорам, ки ҳеҷ гоҳ ба фиреби чунин гуруҳҳо бовар накунед ва худро ғарқи гуноҳи Ислом ва қонуният накунед.
Абдулҳафиз Қурбонов - и.в. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ