БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни иғвогарро дигар на ришашон мусалмон мекунаду на номи ҳизбашон!!!

ВОКУНИШ. Ислом дар миёни дигар динҳо дине мебошад, ки аз замони зуҳураш то ба ҳол дар таълиму тарбия, маърифаткунии ҳаёти ҷомеа, ахлоқи хонаводагӣ, тарбияи дурӯсти фарзанд, ростгӯиву росткорӣ, ҳақиқатҷӯиву ҳифзи Ватан ва зиндагонии шоиста саҳми боризе гузошта, дар тамаддуни халқҳои гуногуни машриқзамин ҷойгоҳи махсусеро касб кардааст.

Мутаассифона, аз замони зуҳураш дини ислом то ба имрӯз аз ҷониби душманон ва ифротгарон ба манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ истифода гашта истодааст. Чунин муносибати ғайри объективӣ аз пайдоишаш мушоҳида гашта дар шароити имрӯза низ зиёдтару тундтар гаштааст. Ин зумра ашхоси иғвоангез аз номи дини мубини ислом истифода карда ҳадафҳои муғризонаи худ ва хоҷагони худро пайгирӣ менамоянд. Барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон дар либоси мусалмонон ҳар гуна амалҳои номатлубро таҳия карда дар амал татбиқ мекунанд. Маҳз аз тафаккури номукаммал ва эҳсосноки баъзе аз ҷавонон истифода намуда, онҳоро мутеи ғояҳои пурфитнаи худ мегардонанд. Инчунин ҷавонони ноогоҳу берун аз маърифати комили диниро, ки аз ҳақоиқи ислом огоҳии пурра надоранд ба худ ҷалб намуда дар амалҳои манфурашон истифода менамоянд.

Аз онҳо иғвогару террорист сохта садҳо муъминонро озору ғамолуд мегардонанд. Ин амали онон дур аз аҳкомҳои ахлоқиву шариати ислом буда, ба ҷуз аз бад намудани номи ислом ва амали мусулмонон чизи дигаре нест. Бо ин амалашон дини исломро ба манфиати сиёсии худ истифода карда, аҳкоми онро ба оламиён ғаразнок нишон медиҳанд. Дар ҳоле, ки таълимоти Ислом сар то по орӣ аз моҷарову хунрезӣ буда, таранумгарӣ ваҳдату ватандустист. Чуноне, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳури мефармояд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Агар чи пайдоишу ташаккули ин гуруҳҳоро аз як тараф натиҷаи сармоягузории хориҷиён бинем аз тарафи дигар сатҳи пасти маърифати сиёсию диннии худи мардуми мусалмон ҳам ба пайдоиши ин гуруҳҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки пеш аз ҳама дониши диниву дунявии аҳолиро боло барем то, ки фирефтаи найрангҳо ва бозиҳои гурӯҳҳои ифротгаро ба монанди аъзоёни ТЭТ ҲНИ, аъзоёни гурӯҳи муташаккили бо ном давлати исломӣ, равияи мамнуъшудаи Салафия ва дигар гуруҳҳои диниву радикалӣ нагардем.

Имрӯз мушоҳида мешавад, ки аъзоёни гурӯҳҳои номбурда чигуна ба харобкориву дассисаандозӣ, нифоқ мииёни мардумон, қатлу кӯштори ваҳшиёна даст зада, ваҳдати сокинони кишварро халалдор менамоянд.

Таъкид бояд кард, ки давлати Тоҷикистон барои мусулмонон ва рушди фарҳанги исломӣ, ки қисми таркибии фарҳанги миллии мост ягон маҳдудият эҷод накардааст. Баръакс қонунгузориро дар бораи озодӣ, ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла озодии виҷдонро ба ҳар кас таъмин ва ҳифз менамояд. Ин аст, ки дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ шумораи масҷидҳо нисбат ба 70 соли замони Шӯравӣ садҳо маротиба зиёд шудааст.

Ҳарҷанд давлатҳо дар алоҳидагию дастаҷамъӣ бар муқобили гуруҳҳои ифротгару иғвоангез мубориза баранд ҳам аммо хатари онҳо аз эҳтимол дур нест. Воқеаҳоеро ном бурдан мумкин аст, ки гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунанд. Ба монанди ҳодисаи 21-августи соли 2000 дар Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳодисаҳои водии Фарғона дар соли 2001, ва воқеаҳои рухдодаи дараи Камароби ноҳияи Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеаи моҳи сентябри соли 2015 ва дигар аъмоли ТЭТ ҲНИ, ки ба амнияти давлатӣ ва ваҳдатӣ мардуми тоҷик таъсири манфӣ расонидаро ном бурдан мумкин аст.

Бояд қайд гардад, ки ҳамаи ҳодисаҳои рухдода ҳадафҳои мушаххас дошта зери таъсири омилҳои диннӣ ва истифода аз номи дини мубини ислом сурат гирифтааст. Инчунин байни ин ҳодисаҳо айниятҳоро мушоҳида кардан мумкин аст:

-шакли трансмиллӣ доштани ҳамаи ин воқеаҳо;

-истифода бурдан аз таълимоти динни ислом бо мақсади ғаразнок;

-халалдор намудани амнияти кишвар ва ваҳдати мардум;

-бо силоҳу лавозимоти ҷангии ҳозиразамон таъмин будани саркардагони    ин воқеаҳо.

Дар замони муосир созмону ҳаракатҳои зиёдеро ном бурдан мумкин аст, ки ба суботи сиёсии кишварҳои олам пеш аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ ба бор меоранд. Аз ин ҷост, ки фаъолияти онҳоро  ниҳодҳои давлатӣ хатарафзо шумурда, манъ намудаанд. Инчунин онҳоро ҳамчун ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистидошта эълон намудаанд. Ба монанди ҷараёни Салафия, Ҳизб-ул-таҳрир, Ҳизби исломии Узбекистон, Ал-Қоида, Ҳаракати Толибон, ТЭТ ҲНИ ва ғ.

Меарзад, ки мушаххасан аз ҳадафҳои нопоки баъзе аз ҳаракатҳои иғвоангез, ки зери ниқоби ислом баромад мекунанд, ёдовар шавем. Яке аз онҳо ТЭТ ҲНИ мебошад, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст. Мақсади манъ намудани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон аз нигоҳ доштани амният дар кишвар аст, зеро аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо ақидаҳои иғвоангези худ миёни мусулмонони кишвар тафриқаандозӣ мекунанд. Меарзад дар бораи ояндаи миллат андеша ронда, пеши роҳи саркардагони ин ҳизбро гирифта ваҳдати миёни мардумонамонро халалдор нанамоем. Ва кишвари азизамон Тоҷикистонро ободу зебо намуда фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстиву асолатгароии миллӣ тарбия намоем.

 

Х.Э.Тағоева-узви Гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg