БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва ҲХДТ мебошад

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва соатҳои сиёсӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бинои Раёсати АСИН дар ноҳияи Ёвон  бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати АСИН» дар ноҳиян соати сиёсӣ оид ба самти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни соати сиёсӣ и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул дар бобати ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурўҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, изҳорӣ нигаронӣ намуда, мардумро барои муттаҳид будан, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу суббот  хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ  ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ, тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгири  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебуниёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризм экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ  ҲНИТ, Гурӯҳи  24 ва ғайра ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg