БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Диихои ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ доир намуданд.

Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдуҷаббор кушода, дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халќи Демократии Тоҷикистон, ҳадафҳои барномавии он, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сафарҳои кори Пешвои миллат ба ВМКБ, Ҷумҳурии ӯзбекистон  суханронӣ намуд.  Баъдан мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Сунатуллова Мавзуна доир ба озмунҳои ҳизбӣбо нмоҳои «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Беҳтарин чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», «Армуғони хатлонӣ»  ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда,  ҳамагонро бароииҷрои сариваќтии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ваҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg