БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҷрибаи рӯзгори пирони хирад дастурамали ҷавонони ҳушманд аст

А.ҶОМӢ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бо мақсади баррасии  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳ ва татбиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ идома доранд.

Бо ин мақсад кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Наволиқ»-и маҳаллаи Наволиқи ҷамоати деҳоти Ифтихор, ки яке аз маҳаллаҳои дурдасти ноҳия ба ҳисоб меравад, вохӯрӣ  баргузор намуданд.

Зимнан мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Самадзода Саёҳат ҷиҳати  роҳандозии Аксияи ҳизбӣ андешаронӣ карда, ҳозиринро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъмиру роҳу пулҳои маҳали зист, сохтмони ишоотҳои хизматрасонӣ, таъмиру тарними муассисаҳои таълимӣ,дасти кӯмак даром намудан ба шах сони ниёзманди ҷомеа,  тарбияи дурусти насли наврас дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва риояи қонунҳои миллӣ ҳидоят намуд.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ масъулин  дар бораи  ба кор даромадани чархаи якуми НБО Роғун,  ки рӯзҳои наздик ба фаъолият шурӯъ мекунад, суханронӣ карда, аз соки нон барои истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ, насби лампаҳои каммасраф ва пардохти саривақтии маблағи  он даъватба амал оварданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg