БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорабиниҳои ҳизбӣ ҳунармандонро дар рушди корҳои хонагӣ ҳавасманд кардааст

 ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Челониҳои ҷамоати деҳоти ­Ғаллаобод бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣдоир гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан масъулиндоир басамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Солирушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳиму сарнавиштсоз андешаронӣ карда, ҳамагонро барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои давлатӣ ҳидоят намуданд.

Инчунин, дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ҳунармандони хушзавқу чирадаст ба озмунҳои ҳизбӣ давъат карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg