БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб якҷоя бо сокинон татбиқ карда мешаванд

ХОВАЛИНГ. Сокинони деҳаи Дараи Сови ҷамоати деҳоти Шукнов аз вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Аз баромади мутахасисси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ш. Набиев  ҷамъомадагон дар бораи дастуру супоришҳои аз Паём бароянда, роҳҳои аз байн бурдани амалҳои зишт, ба монанди терроризму экстремизм, ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, нашъмандию нашъаҷаллобӣ бемориҳои сироятӣ, мақсад аз талқини истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қонунҳои миллӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пайдо карданд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ намоиши ҳунарии ҳунармандони деҳа аз ҷиҳати миқдор ва сифат писанди мардум шуд.

Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!” низ фоидабахшб уд, зеро дар он сокинони маҳал таъмири муассисаи таълимӣ ва роҳи деҳаро ба уҳда гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg