БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон бо ҳунарҳои миллии худ ифтихор мекунанд

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Чагани ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, вобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар ВМКБ, инчунин дар масъалаҳои ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид ибрози андеша намуд.

Доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  Раҷабзода Маҳмадсаид вакилони ҷамоат, сокинони деҳаи Чаган Қулаев Холмурод ва Бобохонов Шамсулло вобаста ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба фаъолияти шурӯъ намудани чархаи якуми НБО Роғун ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карданд.

Сипас, дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ ҳунармандону кишоварзони чирадасту заҳматпешаи маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил карда буданд, киҳамагон аз ин намоишгоҳ дидан карда, ба маҳорату ҳунари ҳунармандону кишоварзони асил баҳои баланд доданд.

Дар охир ба як қатор аъзои нави ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбиро супорид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg