БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Омӯзгорон дар пешгирӣ аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд

ПАНҶ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳия хониши сиёсӣ бо  омӯзгорони собиқадор вохӯрӣ анҷом доданд.

Тавре қайд гардид, вақтҳои охир гурӯҳҳои ифротӣ, тундгаро ва террористию экстремистӣ  шабакаҳои иҷтимоиро як воситаи осони ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонони гумроҳро  интихоб намудаанд. Бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии маъмулӣ ба монанди «В-контакте», «Фейсбук», «Зелло», «Одноклассники» ва ғайра ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ-эктремистӣ   шомил гардида, мағзшӯи шуда,  зери таъсири онҳо қарор мегиранд. Ба ивази маблағҳои калон барои иҷрои корҳои ҷиноятӣ даст  мезананд. Ғайр аз ин хатари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ  ин ташвиқ  ва таблиғи фарҳанг ва расму  оини бегона  мебошад, ки ҷавонон зуд ба он дода мешаванд. Ҳамчунин, дар ҷараёни баромад Файзиев Каримҷон бо исботу далел дар бораи амалҳои аз тарафи гурӯҳҳои террористии дар кишвар мамнӯъ суханронӣ намуд. Дар идома даъват ба амал оварда шуд, ки омӯзгорон фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро тарғиб намуда, насли ҷавонро дар рӯҳияи  одобу ахлоқ ва миллатдӯстиву меҳанпарастӣ  тарбия намоянд.

Баъдан, Шомаҳмадзода Музаффар оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд. Татбиқи ташаббуси навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амиқ дарк намудани аҳамияти об, амалҳои мушаххас барои рушди устувор оид ба захираҳои об, рушди соҳаи иҷтимоиву иқтисодиёт, ҳифзи муҳити зист ва ҳам таъмини сулҳу субот дар минтақа ва миқёси ҷаҳон  саҳми арзанда  мегузорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg