БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

КӮЛОБ. Баҳри иҷрои нақшаи суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тудакафш» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ роҳандозӣ  гардид.

Дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизб баромад намуданд.

Дар рафти суҳбат кормандони масъул иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли мубориза бар зидди маводи мухаддир буда, бо мақсади пешгирӣ аз болоравии сатҳи муомилоти ин зуҳурот бо Фармони Пешвои миллат моҳи феврали соли 2013 барномаи “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2020” қабул карда шуд.  Чунин иқдомҳои неки Ҳукумати мамлакат ва Роҳбарияти Олии кишвар барои пешгирии ҷавонон аз оқибатҳои бемориҳои нашъамандӣ ва вобаста ба ҷиноятҳои трансмилӣ, аз ҷумла муомилоти  ғайриқонунии маводи нашъаовар мусоидат мекунад. Қайд шуд, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир масъалаест, ки дар мубориза ба он дар баробари сохторҳои давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд фаъол ва масъул бошанд.

Дар охир ба аъзои нави ҲХДТ билетҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg